Ссылки доступа

Вазирони ИДМ ислоҳоти ин созмонро баррасӣ мекунанд


Яке аз масоили калидии ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ислоҳоти ин созмон хоҳад буд. Ҷаласа рӯзи ҷумъа дар назар дошта шудааст. Дар ин бора нашрияи "Комерсантъ" бо такя ба сарчашмаҳояш хабар медиҳад.

Ба навиштаи нашрия, Қазоқистон ташаббускори ислоҳот аст. Сарчашмаи дипломатии нашрия шарҳ додааст, ки Остона мехоҳад, ИДМ "ба як созмони бонизом табдил шавад ва вазифаҳои созмонҳое чун Иттиҳоди АвруОсиё ва СПАД-ро такрор накунад, аммо 11 кишвари узвашро ба ҳайси як майдони баҳсу баррасӣ дар масоили буҳроние назири Украина ва Қарабоғ истифода барад".

Қирғизистон ҳам ҷонибдори ислоҳоти ИДМ аст. Тавре "Коммерсантъ" менависад, Бишкек "пешниҳоди мутобиқсозӣ ва ислоҳоти бахшҳои махсуси ИДМ, кам кардани сохторҳои барзиёди корӣ ва котиботро ҷонибдорӣ мекунад".

Хабар дода мешавад, ки Русия ҳам дар маҷмуъ пешниҳоди такмили ИДМ-ро қабул дорад, аммо аз истифодаи мафҳуми "ислоҳот" худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG