Ссылки доступа

Додситонии Русия дороиҳои офшории мансабдоронро месанҷад


Додситонии кулли Русия мегӯяд, иттилоъ дар бораи дороиҳои "афроди ҳуқуқӣ ва воқеӣ"-и Русияро дар офшорҳо месанҷанд.

3 апрел Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони муҳаққиқ (ICIJ) дар бораи фасодкории мансабдорони воломақоми чанд кишвар матлаб нашр кард. Қисми бештари ин таҳқиқот ба Русия дахл дорад. Дар ин таҳқиқот гуфта мешавад, ки афроди наздик ба Путин тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои офшории Панама бештар аз 2 миллиард долларро "шустаанд".

Кремл ин хабарҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ин пажӯҳиш "чизи наве надорад".

XS
SM
MD
LG