Ссылки доступа

Қирғизистон 3,8 миллиард доллар қарздор шудааст


Қарзи давлатии Қирғизистон то 31-уми декабри соли 2015 баробари 288 миллиарду 803,9 миллион сом (3 миллиарду 805,1 миллион доллар) шудааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ин миқдор 3,6 миллиард доллар ё 95% ҳаҷми умумӣ қарзи берунаи Қирғизистон ва 204 миллион доллар ё 5% қарзи дохилӣ мебошад. Дар соли 2015 барои бозпас додани қарзҳои хориҷӣ 7 миллиарду 483,7 миллион сом ва барои баргардонидани қарзҳои дохилӣ 6 миллиарду 880,7 миллион сом сарф шудааст.

Вазорати молия пештар хабар дода буд, ки Қирғизистон аз ҳама бештар аз Чин – 1,1 миллиард доллар қарздор мебошад. Сипас дар рӯйхат Анҷумани байналмилалии рушд (652 миллион доллар) ва Бонки осиёии рушд (565 миллион доллар) қарор доранд.

XS
SM
MD
LG