Ссылки доступа

Қазоқистон аз ИМА дӯстони Ҷоҳар Сарнаевро хостааст


Остона интизори посухи ИМА дар масъалаи ба Қазоқистон барои идомаи адои ҷазо фиристодани ду шаҳрвандаш аст, ки дар Амрико ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд.

Додситонии кул дар миёни нафарони дархостшуда шаҳрванди Қазоқистон Дияс Қодирбоевро ном гирифтааст, ки соли гузашта дар ИМА ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд. Қодирбоев ба монеасозӣ дар тафтиши парвандаи амали террористии марафони Бостон дар таърихи 15-уми апрели соли 2013 айбдор шудааст.

Додситонии кулли Қазоқистон хабар додааст, ки хешовандони Азамат Тажаякови қазоқистонӣ, ки тибқи ҳамин парванда ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудааст, барои аз ИМА ба Қазоқистон фиристодани вай муроҷиат накардаанд.

Дар миёни нафароне, ки барои идомаи адои ҷазо фиристоданашон аз ИМА хоҳиш шудааст, исми Асел Абдигаппарова низ зикр мешавад. Вай бо айби ҳамдастӣ дар қатл дар зиндони иёлати Техас мӯҳлати 28-солаи ҷазоро адо мекунад.

Қазоқистон аз 6 декабри соли 2015 узви Аҳдномаи байниамрикоии адои ҷазо дар хориҷа мебошад, ки тартиби фиристодани шаҳрвандон дар миёни кишварҳои аъзои ин созишномаро муайян мекунад.

Бар пояи иттилои додситонии кулли Қазоқистон, дар панҷ соли ахир ба кишвар 158 шаҳрванд баргардонида шуданд, ки дар хориҷа маҳкум ба зиндон шудаанд.

XS
SM
MD
LG