Ссылки доступа

Сарвазири Исландия истеъфо медиҳад


Сигмундур Давид Гуннлёйгссон
Сигмундур Давид Гуннлёйгссон

Сарвазири Исландия Сигмундур Давид Гуннлёйгссон аз мақоми роҳбарии ҳукумати эътилофӣ истеъфо медиҳад. Ин сиёсатмадор дар пасманзари ҷанҷоли офшорӣ, ки таҳқиқоти байналхалқии рӯзноманигорӣ ошкор кард, тасмими истеъфоро гирифтааст.

Тавре хабаргузории Associated Press менависад, президенти Исландия ҳанӯз эълон накардааст, ки истеъфои Гуннлёйгссонро хоҳад пазируфт ё на.

Пештар ҳазорон исландиёӣ дар Рейкявик - пойтахти Исландия назди бинои парлумон баромада, истеъфои сарвазирро талаб карданд. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ гуфта шудааст, ки сарвазири Исландия ва ҳамсараш ширкати офшорӣ доранд. Сарвазир баъди ба вакилӣ интихоб шуданаш дар соли 2009, дар ин бора ҳисобот надодааст.

Исланидҳо аз он норизоанд, ки хонаводаи Гуннлёйгссон бо роҳи пинҳонкорӣ дар хориҷ аз кишвар дороӣ доранд. Дар ҳоле, ки аз соли 2008 инҷониб Исландия воридоту содироти сармояро ба кишвар зери назорати шадид гирифтааст. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ мегӯяд, хонаводи Гуннлёйгссон ин дороиҳоро аз роҳи мерос ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG