Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шаш имоми масҷид боздошт шуданд


Дар Тоҷикистон шаш имоми масҷид бо гумони ширкат дар гурӯҳҳои ифротӣ боздошт шуданд. Дар додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтанд, ки ин имомҳо моҳи гузашта боздошт шудаанд.

Дар додситонӣ номи гурӯҳҳои ифротие, ки боздоштшудаҳо узви он дониста мешаванд, эълон накарданд. Дар сурати тасдиқи айби имомҳо, онҳо ба панҷ соли зиндон ва ҷаримаҳои калон маҳкум мешаванд. Аз ҷузъиёти дигари ин боздоштҳо гузориш нарасидааст.

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо айби ширкат дар созмони динии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” равонаи зиндон шуданд. Ба эътиқоди мақомоти тоҷик, ин созмони мазҳабӣ ба гурӯҳи дар кишвар мамнӯи “Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон” (ҶИӮ) иртибот дорад.

Дар навбати худ ҶИӮ ҷузъи “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон ва Покистон дониста мешавад. Бархе аз аъзои ҶИӮ ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) дар Ховари Миёна байъат кардаанд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, қариб ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи ДИ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG