Ссылки доступа

Надежда Савченко бозгашт ба ватанро талаб дорад


Сарбози маҳкумшудаи украинӣ дар Русия Надежда Савченко имрӯз гуруснанишинии хушк, яъне худдорӣ аз обнӯширо шурӯъ кард. Вакили дифои вай Марк Фейгин хабар дод, ки талаби Савченко бозгардониаш ба Украина мебошад.

Надежда Савченко пештар низ ба нишони эътироз аз надодани сухани охирин дар додгоҳи русӣ тӯли як ҳафта чунин навъи гуруснанишиниро карда буд.

Ёдовар мешавем, 22-уми март додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия Савченкоро дар ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори рус дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 айбдор дониста, ӯро ба 22 соли зиндон маҳкум кард. 5-уми апрел ин ҳукм қонунӣ шуд.

Савченко ҳамаи айбҳоро рад мекунаду ҳукми додгоҳи русиро қабул надорад. Вай ҳамчунин намехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кунад.

Баъд аз эълони ин ҳукм президенти Украина Петр Порошенко изҳори омодагӣ кард, ки Савченкоро ба ду шаҳрванди Русия Александр Александров ва Евгений Ерофеев, ки дар минтақаи амалиёти махсус дар Донбасс боздошт шуданд, иваз кунад.

Дар Кремл ивази сарбози украиниро “мантиқан имконпазир” номиданд, вале таъкид карданд, ки дар ин замина танҳо Владимир Путин метавонад тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG