Ссылки доступа

Голландния: ҳамапурсӣ барои созишномаи миёни ИА ва Украина


Имрӯз дар Голландия дар мавриди нақшаҳо оид ба тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Украина баргузор мешавад.

Ба сокинони Голландия пешниҳод шудааст ба ин савол посух диҳанд, ки оё онҳо тасвиби созишномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро ҷонибдорӣ мекунанд ё на. Зикр шудааст, ки натиҷаҳои ин ҳамапурсӣ машваратӣ буда, ҳукумати кишварро ба ҳеҷ амал вазифадор намекунад. Бино бар назарсанҷиҳои оммавӣ дар Голландия, бештари раъйдиҳандагон мумкин аст посухи манфӣ диҳанд.

Аз 28 узви Иттиҳоди Аврупо 27 кишвар аллакай ин ҳуҷҷатро тасвиб кардаанд.

Таъхир дар таҳия ва имзои созишнома миёни ИА ва девони вазирони Украина дар замони раёсати ҷумҳурии Виктор Янукович ангезаи асосии эътирозҳои оммавӣ шуд, ки дар ниҳоят ба тағйири ҳокимият дар Украина боис гардид.

XS
SM
MD
LG