Ссылки доступа

Голландиҳо мухолифи наздикшавии ИА бо Украинаанд


Дар Голландия раъйпурсӣ дар мавриди густариши робитаҳои Иттиҳоди Аврупо бо Украина ба далели иштироки ками интихобкунандагон мумкин аст беэътибор дониста шавад.

Тавре хабаргузории Рейтер менависад, 64 дарсади раъйдиҳандагон мухолифи наздикшавии Голландия бо Украина будаанд, танҳо 36 дарсад раъйи мусбат додаанд. Ин натиҷаи экзит-пол ё пурсиши назари одамон баъд аз раъйдиҳии онҳо будааст.

Гуфта мешавад, фақат 29 дарсади шаҳрвандони қобили раъйи он кишвар дар овоздиҳӣ ширкат кардаанд. Дар Голландия барои ба эътибор гирифтани натиҷаи раъйпурсӣ ҳадди ақал иштироки 30 дарсади шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ҳатмӣ аст. Аммо қарор буд, натиҷаҳои ин раъйдиҳӣ барои мақомот эътибори қонунӣ надошта бошанд.

XS
SM
MD
LG