Ссылки доступа

Муфаттишон духтуронро дар марги Умаралӣ Назаров бегуноҳ донистанд


Умаралӣ Назаров

Умаралӣ Назаров

Муфаттишони парвандаи марги Умаралӣ Назарови 5 моҳа - тифли муҳоҷири тоҷик, ки дар Петербурги Русия ҷон бохт, мегӯянд, духтурон дар марги ин тифл айбдор нестанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи парлумони шаҳрӣ Светлана Агапитова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Петербург хабар додааст.

Вай гуфтааст, тафтиши ин парванда ҳоло ҳам давом дорад. Ба гуфтаи ваколатдор, муфаттишон рафтори пулис ва Хадамоти муҳоҷиратро "ба ҳангоми ошкор кардани кӯдак дар дасти муҳоҷирони ғайриқонунӣ" месанҷанд. Агапитова гуфтааст, тафтиш дар доираи парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи "Иҷро накардани уҳдадориҳо ҳангоми тарбияи ноболиғ", ки зидди волидайни тифли фавтида боз шуда буд, сурат мегирад.

Умаралӣ Назарови 5-моҳа 13 октябри соли 2015 дар беморхонаи Петербург ҷон бохт. Ӯро чанд соат пеш аз марг аз модараш ҷудо карда буданд. Модари Умаралиро пулис барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират боздошт карда буд. Тафтиши тиббӣ муайян кардааст, ки кӯдак аз вируси вогир фавтидааст. Аммо волидони Умаралӣ ба хулосаи тиббӣ бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, чӣ гуна тифле, ки то он замон аз ҳеч беморие ранҷ намебурд, якбора мефавтад.

XS
SM
MD
LG