Ссылки доступа

Наришкин: ҷанги Русия бо Украина метавонист танҳо "чаҳор рӯз идома кунад"


Агар Русия бо кишваре, "ки фаразан зарфияташ мисли Украина аст", биҷангад, ин ҷанг "ҳадди аксар чаҳор рӯз" идома мекард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе раиси Думаи давлатӣ ё парлумони Русия Сергей Наришкин изҳор доштааст. "Ва ҳама медонанд, ки ин ҷанг чӣ натиҷае хоҳад дошт", - афзудааст раиси парлумони Русия.

Вай дар посух ба суоли яке аз иштирокчиёни давраи омӯзишии Русияву Олмон дар бораи ширкати нерӯҳои Русия дар низои шарқи Украина чунин шарҳро додааст.

"Он чӣ дар Донбасс мегузарад - ду сол аст, ки идома дорад. Ана посух ба суоли шумо дар бораи ин ки Киев бо кӣ меҷангад", - гуфт Наришкин.

Баъдтар сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Александр Турчинов дар посух ба Наришкин гуфт: "Агар ҳатто Наришкин мегӯяд, ки онҳо дар муқобили кишваре чун Украина чаҳор рӯз ҳам истодагарӣ карда наметавонанд, пас зоҳиран Русия ба мушкилии ҷиддие рӯ ба рӯст".

Украина ва кишварҳои Ғарбӣ аз оғози ҷангҳои Донбасс Русияро дар пуштибонии ҷудоихоҳон айбдор мекунанд. Ба иттилои Киев, дар ҳудудҳои зери назорати Донбасс ва Луганск то 10 ҳазор нерӯи низомии Русия ҳузур дорад.

Кремл ин иттилоъро рад мекунад. Аммо 17 декабри соли 2015 президенти Русия Владимир Путин гуфт: "Мо ҳаргиз нагуфтем, ки он ҷо (дар Донбаас) одамонамон барои ҳалли масъалаҳои мушаххас, аз ҷумла дар бахши низомӣ, ҳузур надоранд".

XS
SM
MD
LG