Ссылки доступа

Нархномаҳои бо сом дар Қирғизистон ҳатмӣ мешаванд


Рӯзи чаҳоршанбеи 6 апрел дар Қирғизистон қонуни ишораи ҳатмии нархномаҳои маҳсулот ва хадамот танҳо бо пули миллӣ ва манъи истифодаи асъори хориҷӣ ба ҳукми иҷро даромад. Ин қонунро 18-уми март порлумони Қирғизистон тасвиб кардааст.

Ин қонун асосан ба бозори моликияти ғайриманқул, фурӯши мошинҳо ва ҳамчунин ба арсаи ҳавонавардӣ дахл дорад. Зеро, дар гузашта муомилот дар ин бахшҳо асосан бо доллар ва евро анҷом дода мешуд.

Барои иҷро накардани муқаррароти қонуни нав ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG