Ссылки доступа

БҶ: се миллион шаҳрванди Русия зери хатти фақранд


Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки сабабҳояш пойинравии нархи нафт ва таҳримҳои байналмилалӣ мебошанд, беш аз 3,1 миллион сокини ин кишвар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,7 дарсад коҳиш ёфт ва интизор меравад дар соли ҷорӣ низ ин нишондод боз 1,1% камтар мешавад. Идомаи раванди фақиршавии аҳолии Русия “даҳсолаи рушдро ҳеҷ карда”, ин кишварро ба нишондодҳои соли 2007 бармегардонад.

Вазъи ногуворӣ иқтисодӣ мақомотро водор месозад, ки сарфи буҷаро коҳиш диҳанд. Дар моҳи март хабаргузориҳо навиштанд, ки харҷҳои низомӣ панҷ дарсад коҳиш меёбанд. Ин тасмим метавонад бузургтарин коҳиши харҷҳои низомӣ аз замони ба сари қудрат омадани Владимир Путин дар соли 2000 шавад.

Бар пояи иттилои дастрас, ин мушкилот ба маҳбубияти президенти Русия дар миёни аҳолӣ чандон таъсир нагузоштааст. Аммо нозирон мегӯянд, ки Кремл аз нооромиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи сентябр нигарон аст.

Ҳамзамон Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2017 рушди андаки (1,1%) иқтисодии Русияро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG