Ссылки доступа

Созиши Душанбеву Москва барои мубориза бо ДИ


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 6 апрел дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Русия масъалаи муборизаи муштарак бо "Давлати исломӣ" баррасӣ шудааст.

"Душанбе ва Москва изҳор доштанд, ки барои мубориза бо "Давлати исломӣ" бояд муборизаи муштарак роҳандозӣ шавад. Ба вижа ҷонибҳо ба хатарҳое, ки аз Афғонистон таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳи бештар равона карданд", - омадааст дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Русия.

Пештар аз ин мақомоти Русия ба такрор гуфтанд, ки Тоҷикистон метавонад ба хатарҳои гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" рӯ ба рӯ шавад. Дар охири моҳи гузашта дар гузориши "Хатарҳои байналмилалӣ-2016", ки оҷонсии "Сиёсати хориҷӣ" ва маҳфили таҳлилгарони "Валдай"-и Русия нашр кард, навишта шуда буд, ки "эҳтимол дорад яке аз кишварҳои заиф ва фақири Осиёи Марказӣ пош хурад ва дар ҳудуди он гуруҳҳои мусаллаҳ, ки шариатро ба гунаи ихлоси худ тафсир мекунанд, рӯи кор оянд".

Муаллифон навишта буданд, Тоҷикистон, ки аксари хонаводаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ вобастаи пули муҳоҷиронанд, осебпазиртар аст.

XS
SM
MD
LG