Ссылки доступа

Ҷангҷӯёни ДИ 300 коргарро рабуданд


Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" 300 коргари корхонаи сементро дар шимолу шарқи Димишқ рабуданд. Ин воқеа ҳафтаи ҷорӣ ҳангоми ҳамлаи ҷангҷӯён ба нерӯҳои ҳукуматӣ рӯй додааст.

Тавре расонаҳои маҳаллии Сурия хабар медиҳанд, коргарон аз шаҳри Думеир рабуда шудаанд ва раҳбарияти корхона феълан бо онҳо тамосе надорад. Пештар аз ин созмони Syrian Observatory for Human Rights хабар дода буд, ки аз корхонаи семент аз 150 то 250 коргар бенишон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, "Табибони бидуни марз" мегӯянд, ҳудудҳои озодшудаи Сурия сарфи назар аз эълони оташбас ва ёрии маҳдуди башардӯстона, то кунун дар ниёзмандии шадид ба сар мебаранд. Роҳбари созмон Барт Янссен навоҳии мазкурро, ки эҳтимол он ҷо то 500 ҳазор суриягӣ дар муҳосираанд, "маҳалли даҳшат" унвон кард. Вай ҳамчунин гуфт, дар ду ҳафтаи охир ду бемористон дар наздикии Димишқ, ки ба "Табибони бидуни марз" тааллуқ доштанд, бомбаборон шуданд.

XS
SM
MD
LG