Ссылки доступа

Як зани қирғиз аз асорати шаҳвонӣ дар Ҳиндустон раҳо шуд


Шаҳрванди Қирғизистон аз асорати шаҳвонӣ дар Ҳиндустон раҳо шуд. Дар ин бора намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Нурлан Суерқулов хабар додааст.

Ба гуфтаи ин намоянда, зани 30-соларо пулиси Ҳиндустон дар яке аз кӯчаҳо боздошт кардааст. 5 апрел ин зан ба сафорати Қирғизистон дар Ҳиндустон супурда шудааст.

Намояндаи сафорат мегӯяд, дар ояндаи наздик ин зан ба ватанаш фиристода мешавад. Бори аввал аст, ки мавҷудияти танфурӯш аз Қирғизистон дар Ҳиндустон ошкор мегардад.

XS
SM
MD
LG