Ссылки доступа

Сокинони Қарағанда аз хатари обхезӣ паёмак (SMS) гирифтанд


Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи (РҲФ) вилояти Қарағандаи Қазоқистон аз хатари обхезиҳо ва зери об монданҳо минтақаҳо дар давраи аз 7 то 11-уми апрел ҳушдор додааст. Аҳолӣ хабарҳо дар мавриди таҳдиди обхезиҳоро аз тариқи паёмакҳо дарёфт мекунад.

Шом ва шаби гузашта дар ин вилоят борони сахт идома кард. Рӯзи панҷшанбе партоби об аз бархе обанборҳо бештар карда шуд. Дар ин минтақа шоми панҷшанбе хатари тӯфон эълон шуда буд.

Ба иттилои РҲФ, хатари зери об мондани бархе аз минтақаҳо аз обшавии барфи ва обхезии дарёҳову кӯлҳо вуҷуд дорад. Бархе аз роҳҳои мошингард зери об мемонанд ва ба ин сабаб мақомот ҳаракати нақлиёт дар онҳоро манъ кард. Ҳоло роҳи мошингарди Жартас-Коксу баста шудааст. Ҳамчунин бархе аз қисматҳои масири шаҳри Жезказган дар вилояти Қарағанда зери об мондаанд.

Хабар дода шудааст, ки наҷотдиҳандагон дар наздикии деҳаи Шопи ноҳияи Шети вилояти Қарағанда постгоҳ гузоштаанд. Ҳаракати мошинҳои сабукрав ва автобусҳо дар ин минтақа манъ шудааст.

Танҳо тавассути қаиқҳои РҲФ ба ин деҳа рафтуомад имконпазир мебошад. Ба иддаои РҲФ худи нуқтаҳои аҳолинишин зери об намондаанд.

XS
SM
MD
LG