Ссылки доступа

Додгоҳ ҳукми “таблиғгари ДИ”-ро 6 сол кам кард


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб мӯҳлати зиндони Ансор Зайниддиновро аз 11,5 сол то ба 5,5 сол кам кард. Сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба таблиғи ҷавонон барои пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” айбдор шуда буд.

Додгоҳ зимни далелҳои нав мӯҳлати ҳабси Ансор Зайниддиновро бознигарӣ кард. 12-уми феврали соли ҷорӣ додгоҳ тасдиқ карда буд, ки Зайниддинов узви “Давлати исломӣ” мебошад ва ҷавононро барои пайвастан ба ин созмони террористӣ таблиғ мекард. Аммо ҳамсари маҳкумшуда Гулнора Рамазонова мегӯяд, ки, баръакс, шавҳараш сафари эҳтимолии ӯро ба Сурия пешгиирӣ кард.

“Ин ҳодиса моҳи декабри соли 2014 рух дод. Бародарзодаам Ҳоким, ки ҳамроҳи оила ва се кӯдакаш дар Москва буд, маро барои кор дар нонвойхонааш даъват кард. Ман ба он ҷо рафтам, вале на кор буду на нонвойхона. Онҳо ба ман гуфтанд, ки барои таҳсил меравем ва дар яке аз рӯзҳо озими Сурия шуданд. Ман ба шавҳарам хабар додам. Вай зуд ба Москва омад ва дар моҳи майи соли 2015 маро ба хона баргардонид”, - қисса кард ин зан.

Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ихтиёран амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва Ироқро тарк карда, ба ватан бармегарданд, ваъдаи афв медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, то ҳол аз Сурия 60 нафар баргашта, ҳамаи онҳо афв шудаанд. Мақомот мегӯянд, қариб 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар сафи “Давлати исломӣ”, меҷанганд.

XS
SM
MD
LG