Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон дар остонаи истеъфост


Ҳукумати Қирғизистон эҳтимол дорад ба истеъфо равад. Дар ин бора манбаъҳои хусусӣ ба бахши қирғизии Озодӣ хабар доданд. Ба иттилои онҳо, интизор меравад, имрӯз нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев аз президенти кишвар дархости истеъфо кунад.

“Баъд аз истеъфои ҳукумати кунунӣ, эътилофи аксарият ҳукумати навро интихоб мекунад”, - афзуданд манбаъҳо.

Аммо дар хадамоти матбуотии ҳукумат ин хабарро рад карданд.

Ёдовар мешавем, сару садоҳо дар бораи истеъфои ҳукумат кайҳо боз паҳн мешуданд. Яке аз заминаҳои чунин тасмим моҷароест, ки дар дохили ҳукуматӣ сар зад. Он вақт вазир Аргинбек Малабаев нахуствазирро ба вайрон кардани қонун зимни баргузории музоядаҳо барои бозсозии роҳи мошингард аз Бишкек ба фурудгоҳи “Манас” ва Балиқчӣ-Қорумду айбдор карда буд.

Комиссияи вакилон дар ин замина санҷишеро анҷом дода, истеъфои раҳбари ҳукуматро талаб намуд. Девони вазирон бошад, ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG