Ссылки доступа

Назарбоев пас аз Эрону Туркия ба Ӯзбекистон сафар мекунад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон бо даъвати ҳамтояш аз Эрон Ҳасани Руҳонӣ 11 апрел ба Теҳрон сафар мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

Интизор меравад, дар ин сафар иҷрои созишҳое баррасӣ шавад, ки ҳангоми боздиди Руҳонӣ аз Остона дар моҳи сентярби 2014 ҳосил шудаанд.

13 апрел Назарбоев барои ширкат дар ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои исломӣ (ОИС) вориди Туркия мешавад.

Роҳбари Қазоқистон 15 апрел барои мулоқот бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тошканд сафар хоҳад кард. Назарбоев бо Каримов ҷанбаҳои муҳими ҳамкории ду кишварро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари раисҷумҳури Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG