Аз ҳафтаи гузашта қабули саволҳо ба президенти Русия шурӯъ шуда, мардум бештар мехоҳанд ба ин пурсишҳо посух бигиранд: оё воқеан вай соҳиби ду миллиард доллари дӯстони президент дар офшорҳои Панама мебошад, ки дар ин бора “Панама-гейт” – таҳқиқоти рӯзноманигорӣ хабар дод ва оё таъсиси Гвардияи миллӣ, ки шахсан ба ӯ тааллуқ дорад, нишони тарсаш аз табадуллот аст?
Ба саволи аввал вай то ҷое аллакай посух дода гуфт, ки “дар ҳуҷҷатҳои панамагӣ” исми вай нест ва афзуд, ки дар ин санадҳо ӯ нишонаҳои фасодкориро намебинад: