Ссылки доступа

Артиши Сурия омодаи ҳамла ба Ҳалаб аст


Артиши Сурия бо мусоидати нерӯҳои ҳавоии Русия барои озод кардани шаҳри Ҳалаб омода мешавад, хабар дод сарвазири Сурия Ваел ал-Ҳалақӣ ба вакилони порлумони Русия, ки бо сафаре ба ин кишвар омадаанд.

“Якчо бо шарикони руси худ мо ба амалиёти озодсозии шаҳри Ҳалаб ва муҳосира кардани ҳамаи гурӯҳҳои ғайриқонуние омода мешавем, ки ба оташбаси имзошуда напайвастанд ва ё шартҳои онро вайрон мекунанд”, - гуфт вай.

Ба иттилои созмони Syrian Observatory for Human Rights, дар рӯзҳои ахир дар ин минтақа дастикам 16 низомӣ ва 19 ҷангии марбут ба “Ал-Қоида” кушта шудаанд. Амалиёти низомӣ дар чанд масири қисмати ҷанубии вилояти Ҳалаб анҷом дода мешавад. Гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат ал-Нусра”, ки дар ин минтақа фаъоланд ба қарордоди оташбас, ки бо сарпарастии Русия ва ИМА имзо шудаааст, шомил нестанд.

XS
SM
MD
LG