Ссылки доступа

Зилзила дар Покистон: як нафар кушта ва даҳҳо захмӣ


Дар натиҷаи зилзилаи сахт дар шимолу ғарби Покистон як кас кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шудаанд, хабар медиҳанд мақомоти покистонӣ.

Заминҷунбӣ бо шиддати 6,6 дараҷа дирӯз дар шимолу шарқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст. Зилзиларо дар бархе аз шаҳрҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар Кобул, Исломобод, Лоҳур, Деҳлӣ ва Душанбе эҳсос карданд.

Иттилоъ дар бораи харобиҳои зиёд то ҳол нарасидааст. Сухангӯи ниҳоди бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии Покистон гуфт, ки хатари ярч ё лағзиши замин вуҷуд дорад.

Дар моҳи октябри соли гузашта дар зилзилаи 7,5-дараҷаӣ дар ҳамин минтақа дар кӯҳсори Ҳиндукуш қариб 300 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG