Ссылки доступа

Омбудсмен аз мухолифон дар боздоштгоҳи КДАМ хабар гирифт


Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон дар охири ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо шароити нигаҳдории боздоштшудаҳо шинос шуд. Дар ин бора аз коргоҳи омбудсмен хабар доданд.

Тибқи ин иттилоъ, омбудсмен аз утоқҳое дидан кард, ки дар онҳо раҳбари собиқи дастгоҳи президент Данияр Наринбоев, Канибек Жороев, додситони кулли собиқ Нурлан Турсунқулов, раҳбари собиқи дастгоҳи ҳукумат Алтинбек Муралиев, мушовири собиқи мудири кулли ширкати “Алфа-Телеком” Алмосбек Абеков, раиси собиқи вилояти Ҷалолобод Бектур Асанов, муовини вазири корҳои дохилӣ Кубанчибек Қодиров, ходими ҷамъиятӣ Эрнест Карибеков, вакили собиқи Жогорку Кенеш Мақсат Кунакунов ва дигарон нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар дидор бо омбудсмен Бектур Асанов ва Кубанчибек Қодиров гуфтанд, ки айбҳои нисбаташон эълоншударо қабул надоранд ва ҳеҷ вақт мардумро ба ғасби ҳокимият даъват накардаанд ва дар наворе, ки бархе аз расонаҳо онро паҳн кардаанд, садои онҳо нест.

Вакили собиқи порлумон Мақсат Кунакунов низ айби худро эътироф накарда, бо террористҳо робита доштанашро инкор мекунад.

“Боздоштшудаҳо аз раҳбарият ва кормандони боздоштгоҳ шикоят накарданд. Нисбати онҳо аз шиканҷа, азият ва дигар бадрафториҳо истифода нашудааст”, - хабар доданд аз коргоҳи омбудсмен.

XS
SM
MD
LG