Ссылки доступа

Сафорат таҳқиқи одилонаи ҳамла ба Сулаймонро талаб дорад


Сулаймон Саидов

Сулаймон Саидов

Сафорати Тоҷикистон дар Москва зимни як нота аз вазорати корҳои хориҷии Русия талаб кардааст, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов ба таври воқеъӣ таҳқиқ шавад.

Ин воқеа шаби 8 апрел дар истгоҳи метрои "Калужская" дар Москва рух дод. Миёни Сергей Сареви 58-сола ва Сулаймон Саидов дар дохили вагони метро баҳс сар зад. Баъдан Сарев ба сари муҳоҷири тоҷик аз таппончаи травматикии "Ос" тир холӣ кардааст. Сулаймон дар беморхона бистарӣ шудааст ва дар ҳоли ҳозир вазъи сиҳатиаш муътадил шумурда мешавад.

Сулаймон хабари расонаҳои русиро, ки навиштанд, вай бо Сарев даст ба гиребон шудааст ва Сарев танҳо худро ҳимоя кардааст, рад мекунад.

Ба гуфтаи Сулаймон Саидов, Сарев маст будааст ва ба маҳзи вориди вагон шудани муҳоҷирон ба онҳо дарафтодааст. "Вай таҳдид кард, ки "баъди 3 дақиқа ту хоҳӣ мурд" ва якбора таппончаро ба сари ман гузошту тир холӣ кард", - мегӯяд Сулаймон.

Баъди ин ҳодиса Сарев фирор карда, аммо таппончаро афтондааст. Таппонча ба пулис кумак кард, ки Сарев боздошт шавад. Дар ҳоли ҳозир нисбати Сарев бо айби "сӯиқасд бо ҳадафи куштор" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG