Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ ба маҳалли нахустини зарбаҳои атомӣ рафт


Ҳангоми сафар ба Ҷопон Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ба Ёдгории нахустин маҳалли ҳамлаҳои атомӣ ташриф бурд. Вай баландпоятарин мансабдори амрикоист, ки вориди Боғи ёдгории сулҳ дар Хиросима шудааст.

Ҷон Керрӣ ва ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Ҷопон дар якҷоягӣ аз осорхонаи Хиросима дидан карданд ва дар назди лавҳи ёдгорӣ гул гузоштанд. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои "Ҳаштгонаи бузург" рӯзи душанбе дар Хиросима мулоқот доштанд.

Баъди мулоқот вазирон гуфтанд, ба ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ содиқ хоҳанд монд, аммо афзуданд, ин идея баъди таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ ва бадшавии вазъи Сурияву Украина ба бунбаст рӯбарӯ гаштааст.

6 августи соли 1945 бомбаандози амрикоии Б-29 дар Хиросима як бомбаи атомии 15-килотоннаӣ партофт, ки дар натиҷа дафъатан 80 ҳазор одам кушта шуд. ИМА бар ин назар аст, ки таркиши Хиросима ва Нагасакӣ ба Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ хотима бахшид.

Тавре хабаргузориҳо навиштанд, Ҷон Керрӣ нахостааст, ки барои ҳамлаҳои атомӣ аз Ҷопон узрхоҳӣ кунад.

XS
SM
MD
LG