Ссылки доступа

Дар Москва ба Жириновский ҳайкал гузоштанд


Владимир Жириновский

Владимир Жириновский

Дар кӯчаи Басмани 1-уми Москва маросими пардабардорӣ аз ҳайкали раиси Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) Владимир Жириновский баргузор шуд. Пайкараи 3-метрии биринҷиро ҳайкалтарош Зураб Серетели сохтааст.

Хабар дода мешавад, ки маросими пардабардорӣ зери оҳанги "Боже, царя храни!" ("Худоё, шоҳро нигаҳ дор!") баргузор шудааст. Жириновский гуфтааст, гузоштани ҳайкал ба фаъолияти сиёсиаш рабт дорад. "Ин рӯз бо чӣ хусусияташ дар хотири башар нақш мебандад? Бидуни хоксории дуруғин ман мегӯям, ки - бо ҳамин маросимаш", - гуфт сиёсатмадор.

XS
SM
MD
LG