Ссылки доступа

Муҳоҷирони ӯзбек дар Стокголм масҷид месозанд


Бинои нави сетабақа дар пойтахти Шветсия, ки арзишаш 500 ҳазор доллари ИМА аст, дар масоҳати 2 ҳазор метри муррабаъ воқеъ мешавад. Дар Маркази фарҳангии исломӣ ба ҷуз аз масҷид ҳамчунин маркази омӯзишӣ, боғчаи бачагон, маҷлисгоҳ ва толори варзишу фурӯшгоҳҳо ҷойгир мешаванд.

Дастандаркорони ин сохтмон мегӯянд, ки дар Стокголм камбуди масҷид барои мусалмонҳо эҳсос мешавад. Музокирот барои гирифтани иҷозатномаи ин сохтмон 6 сол тӯл кашид ва интизор меравад маросими оғози корҳо 25-уми апрел баргузор шуда, сохтмон ду сол идома ёбад.

Зодаи Ӯзбекистон Абдулҳамид Раимов, ки ҳоло дар Шветсия зиндагӣ мекунад, гуфт, ки ин масҷид аз ҳисоби хайрияи мусалмонҳо сохта мешавад.

Бояд зикр кард, дар Шветсия, ки аҳолиаш қариб 10 миллион нафар аст, феълан тақрибан 600 ҳазор мусалмон зиндагӣ мекунад.

Ба иттилои Раёсати омори Шветсия, аз ин миқдор муҳоҷирони мусалмон қариб 3,5 ҳазорашон ӯзбекҳоянд.

XS
SM
MD
LG