Ссылки доступа

Назарбоев дар Теҳрон бо Рӯҳонӣ мулоқот кард


Дар Теҳрон мулоқоти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ баргузор шуд.

Ба навиштаи расонаҳои расмӣ, раҳбарони ду кишвар иҷрои тавофуқҳои дар ҷараёни сафари Рӯҳонӣ ба Остона дар моҳи сентябри соли 2014 ҳосилшударо баррасӣ карданд.

Бар пояи хабари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва амнияти минтақавӣ табодули назар карданд.

Назарбоев бо сафари дурӯза вориди Эрон шуд. Интизор меравад дар ҷараёни ин сафар раиси ҷумҳури Қазоқистон бо раҳбари Эрон оятуллоҳ Алӣ Ҳоманаӣ дидор кунад. Гузориш шудааст, ду кишвар чанд созишномаи ҳамкорӣ ва санадҳои ҳусни тафоҳумро имзо кардаанд. Интизор меравад баъд аз сафар ба Эрон Назарбоев аз Туркия ва Ӯзбекистон дидан кунад.

XS
SM
MD
LG