Ссылки доступа

Ҷустуҷӯи "Анас" - эмиссари тоҷики ДИИШ


Мақомоти Тоҷикистон Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норакро аз эмисарони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) медонанд, ки бо тахаллуси “Анас” маъруф буда, ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми апрел хабар дод, ки 40 дарсади аз Сурия ва ё аз роҳи сафар ба ин кишвар ба ватан баргаштаҳо иқрор шудаанд, ки онҳо бо ташвиқи “Анас” дар Москва ба ин роҳ рафтаанд.

Шахсияти“Анас” ба мақомот ним сол пеш маълум шудааст. Ӯ он замон дар Русия қарор дошт, аммо пас аз эълони ҷустуҷӯяш аз ин кишвар нопадид шудааст. “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимов давоми ду соли ахир ба ташвиқ, ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” машғул будааст. Ҳангоми сафарбар кардани шаҳрвандон “Анас” бардурӯғ изҳор медоштааст, ки худи ӯ низ пас аз як моҳ ба онҷо сафар мекунад.

"Ӯ пас аз ташвиқ ва мағзшӯии ҷавонон ба онҳо чиптаи ҳавопаймои самти Русия - Туркия гирифта, инчунин тариқи интернет то марзи Сурия онҳоро раҳбаладӣ мекардааст. Ҳоло худаш дар куҷо қарор дорад, маълум нест," - мегӯянд мақомот.

Алимаҳмад Ғуломов, масъули бахши Кумитаи кор бо дини шаҳри Норак мегӯяд, аз замоне хабар ёфтанд, ки Анӯшервон Азимов бо ин кор машғул аст, аз сокинони муҳоҷири ин шаҳр хоҳиш карданд, то ба доми фиреби ӯ наафтанд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG