Ссылки доступа

Толибони Афғонистон "ҳамлаҳои баҳорӣ" эълон карданд


Толибони Афғонистон аз оғози "ҳамлаҳои баҳорӣ"-и нерӯҳояшон хабар доданд. Дар як мактуби электронӣ аз 12 апрел ҷангҷӯён хабар доданд, ки ҳамлаҳояшонро соати 5 субҳи вақти маҳаллӣ шуруъ мекунанд.

Ҷангҷӯён навиштаанд, "алайҳи ғосибони ИМА ҷиҳод мекунанд".

Бо сари қудрат омадани роҳбари нави толибон Мулло Ахтар Мансур марҳилаи нави шиддат ёфтани ҷангҳо дар Афғонистон оғоз шуд. Соли гузашта таҳти роҳбарии Мулло Мансур толибон тавонистанд, ки шаҳри Кундузро ишғол вадар даст нигоф доранд.

11 апрел як толиби маргталаб дар шарқи Афғонистон худро тарконид ва дасти кам 12 сарбози ба тозагӣ даъватшударо кушт. Баъди чанд соати ин ҳодиса дар Кобул айнан дар ҳамин гуна таркиш 2 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG