Ссылки доступа

Freedom House: бӯҳрони иқтисодӣ фазои пасошӯравиро бесубот мекунад


Созмони ҳимояи ҳуқуқи инсони Freedom House ба ин назар аст, ки мушкилоти иқтисодӣ вазъияти иҷтимоиро дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ душвор месозад ва дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ бӯҳрони гурезаҳо ба афзоиши бегонаситезӣ, миллатгароӣ ва таъхири ислоҳот сабаб шавад.

Ин хулоса дар гузориши солонаи рушди демократия дар 29 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, минтақаи Балкан ва Аврупои Марказӣ зикр шудааст.

Ҳокимият дар ҳафт кишвари собиқи шӯравӣ истибдодӣ дониста шудааст. Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо ҳастанд, зеро идораи онҳо ҳадди ақал 10 сол дар дасти “диктаторҳо”-ст.

Ба арзёбии Freedom House, ба сабаби пойинравии нархи нафту газ ва ҳамчунин “ҷанги таҳримҳо” иқтисоди кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳолати бад қарор дорад. Ба ин сабаб эҳтимоли эътирозҳои иҷтимоӣ бештар мешавад.

Ба гуфтаи мудири барномаҳои Freedom House Нейт Шенккан, “дар вокуниш ба мушкилоти иқтисодӣ раҳбарони чунин кишварҳо талош мекунанд назорати давлатро ба бахшҳои гуногуни зиндагӣ тақвият диҳанд”. Ба гуфтаи вай, ба унвони мисол, ҳокимияти худкомаи Владимир Путин тақвият ёфта, ҳамлаҳо ба ҷомеаи шаҳрвандии Русия бештар мешавад.

Freedom House ҳамчунин таъкид мекунад, ки набудани мавқеи ягонаи Иттиҳоди Аврупо дар муқобили бӯҳрони гурезаҳо метавонад сабаби афзоиши бегонаситезӣ ва миллатгароӣ дар бархе аз кишварҳои Аврупои Марказӣ шавад.

XS
SM
MD
LG