Ссылки доступа

Кумитаи порлумони Қирғизистон аз тарҳи “агентҳои хориҷӣ” ҳимоят кард


Кумитаи қонунгузорӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судиву ҳуқуқӣ ва тартиби кори Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон аз тарҳи қонуне, ки созмонҳои ғайридавлатиро "агентҳои хориҷӣ" меномад, ҳимоят кард.

Интизор меравад ин ҳуҷҷат рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел дар ҷаласаи порлумон баррасӣ шавад.

Бахши қирғизии радиои Озодӣ аз суханони раиси кумита Галина Скрипкина иқтибос овардааст, ки мегӯяд, бояд нахуст мафҳуми созмони ғайридавлатии хориҷӣ дақиқ карда шавад. “Дувум, созмонҳои ғайридавлатӣ вазифадоранд манбаи сармоягузории худро ошкор карда, будҷаи созмонро шаффоф кунанд. Ба ғайр аз ин, дар ин ҳуҷҷат нуқтаҳое, ки ҳуқуқи срзмонҳоро маҳдуд мекарда бошанд, вуҷуд надоранд”, - гуфт Скрипкина.

Ҳангоме, ки кумитаи тарҳи ин қонунро баррасӣ мекард, дар назди бинои порлумон дар Бишкек иқдоми эътирозӣ зидди қабули ин ҳуҷҷат баргузор шуд. Муаллифони ин тарҳи қонун иддао мекунанд, ки ислоҳоти пешниҳодшуда дар қонунгузорӣ таъмини фаъолияти шаффофи созмонҳои ғайридавлатиро ҳадаф дорад. Мунтақидон мегӯянд, ин тарҳи қонун мухолифи меъёрҳои демократӣ ва муқаррароти танзими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва озодиҳои шаҳрвандист.

XS
SM
MD
LG