Ссылки доступа

Назарбоев тоҷирони эрониро ба Қазоқистон даъват кард


Дар мулоқот бо намояндаҳои ширкатҳои эронӣ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки бо сафаре дар Теҳрон ҳузур дорад, аз тоҷирон хост, то ба иқтисоди кишвараш сармоягузорӣ кунанд. Вай ҳамчунин даъват кард, аз зарфиятҳои роҳи оҳане, ки Эрону Қазоқистонро тавассути Туркманистон ба ҳам мепайвандад, бештар истифода шавад.

Хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад, дар ин дидор раҳбарони беш аз 20 ширкате, ки дар арсаҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.

Нурсултон Назарбоев гуфт, узвияти Қазоқистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки ба он ҳамчунин Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд, ба ширкатҳои эронӣ имкон медиҳад бо кишварҳои дигари ин иттиҳод бе пардохти андозҳои гумрукӣ тиҷорат кунанд. Нурсултон Назарбоев афзуд, Қазоқистон метавонад ба сармоягузорон имтиёзҳои молӣ пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи Назарбоев, ҷониби Қазоқистон алоқаманд аст, ки бо Эрон дар арсаҳои тандурустӣ, биотехнология, кишоварзӣ ва фанновариҳои кайҳонӣ ҳамкорӣ кунад.

Назарбоев рӯзи душанбе бо сафари дурӯза вориди Теҳрон шуд. 11-уми апрел вай бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG