Ссылки доступа

Қазоқистон соҳиби роҳхат ба сабқати ҷаҳонии футзал шуд


Тими мунтахаби футзали Қазоқистон ба сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Дар 16 соли ахир тими футзали Қазоқистон бори дувум ба сабқати ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Дар даври ниҳоии бозиҳои интихоботӣ дар Алмаато тими мунтахаби Қазоқистон дар бозии ҷавобӣ дастаи Лаҳистонро бо ҳисоби 7:0 мағлуб кард. 23-уми март дар Лаҳистон бозии нахустин бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.

Баъд аз поёни бозӣ мураббии тими футзали Қазоқистон Какауи бразилиягӣ ашки шодӣ мерехт.

“Бозингарони мо собит карданд, ки танҳо барои пул бозӣ намекунанд ва барои Қазоқистон мубориза мебаранд. Бисёриҳо аз шеваи бозии мо норозиянд ва барои ихтирои ин шакли бозӣ маро “аҳмақ” меномиданд. Аммо ин бозӣ собит кард, ки шевае, ки ман онро аз бозигарон талаб кардам, дуруст будааст. То дидор дар Колумбия”, - гуфт Какау.

Тими мунтахаби футзали Қазоқистон то моҳи август барои омодагӣ ба сабқати ҷаҳонӣ дар Тайланд тамрин мекунад. Қазоқистон соли 2002 ба Анҷумани иттиҳодияҳои аврупоии футбол (УЕФА) пайваст.

XS
SM
MD
LG