Ссылки доступа

Тоҷикҳову қирғизҳо харитаи марзро “дуруст” мекунанд


Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Қирғизистон бархе аз минтақаҳои баҳсноки марзи миёни ду кишварро ҳамоҳанг сохта, ин ислоҳотро вориди харитаи топографӣ карданд.

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии таъйини марзи муштарак баргузор шуд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи Тоҷикистон Азизмаҳмад Каримзода, гурӯҳи корӣ пайиҳам минтақаҳои ҳамоҳангшударо дар харитаи махсуси топографӣ қайд мекунад.

“Қирғизистону Тоҷикистон дар ин масъала пешниҳодҳои худро доранд. Баррасиҳо имкон медиҳанд, то печидагиҳоро бартараф карда, дар харита хатти марз дақиқ нишон дода шавад. Ҳоло ин раванд идома дорад ва дар зудтарин фурсат гурӯҳи корӣ дубора мулоқот мекунад”, - гуфт Каримзода.

Гурӯҳи кории топографиро аз ҷониби Тоҷикистон муовини раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзод ва аз ҷониби Қирғизистон муовини аввали раҳбари дастгоҳ, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон Қурбонбой Искандаров раисӣ мекунанд.

Аз 971-километри марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол танҳо 520 километр аломатгузорӣ шудааст. Чунин вазъият маъмулан боиси ихтилофҳо дар масъалаи истифода аз об ва замин мешавад.

Ҷонибҳо аз сафари расмии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ интизориҳои зиёде доранд. Қарор аст дар ҷараёни ин сафар миёни ду кишвар Созишномаи марзӣ имзо шавад.

Сабаби ба дарозо кашидани раванди муайянсозӣ ва аломатгузории минтақаҳои баҳсноки марзии миёни ду кишвар ба харитаҳо вобаста аст. Қирғизистон дар ҳалли ин масъала харитаи соли 1958-ро асос мешуморад, вале Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бо ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 бояд кор кард. Ба ин сабаб ҷонибҳо то ҳол ба натиҷаи ниҳоии муштарак ва дақиқ дар мавриди марз даст наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG