Ссылки доступа

Тақсимот дар марз. Об – аз тоҷикҳо, мироб – аз қирғизҳо


Мақомоти Исфара ва Бодканд танзими истифодаи оби канали сарҳадии "Чилгазӣ"-ро ба дасти миробе додаанд, ки барои ин кор маош мегирад.

Идораҳои оби Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар бораи тақсими оби канали "Чилгазӣ" миёни ин ду ноҳияи наздимарзӣ созишнома имзо кардаанд. Акнун 80% оби ин каналро Тоҷикистон ва 20 дарсадро Қирғизистон истифода хоҳад кард.

Ҳоло масъулияти обронӣ ва тақсими оби ин канал ба дӯши яке аз сокинони деҳаи Қаробоғи Қирғизистон гузошта шудааст.

Канали “Чилгазӣ” бо тӯли 22 километр аз рӯди Исфара ибтидо мегирад ва ҳудуди 400 гектар замини қирғизҳо ва беш аз 1000 гектар заминҳои Лаккон ва чор ҷамоати дигари Исфараро шодоб мекунад. Ин канал дар солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида, солҳои охир ба азнавсозӣ ниёз дошт. Ҳамакнун, ба гуфтаи сокинони Исфара, таъминоти наздики 80 ҳазор сокини Исфара ва 7 ҳазор сокини ноҳияи Бодканд бо об беҳтар шудааст.

Дар ноҳияҳои ҳамсояи Исфараву Бодканд масъалаи истифодаи якҷояи об солҳои охир дар фасли киштукор ва боғдорӣ борҳо муноқишаҳои байни сокинонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG