Ссылки доступа

Ба коргардони тоҷик иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд


Марзбонони рус ба коргардони саршиноси тоҷик Барзу Абдураззоқов иҷоза надоданд, ки вориди Русия шавад ва баъд аз як соати боздошту пурсишҳо ӯро ба Тоҷикистон бозгардониданд.

Сабаби манъи вуруд вуҷуди мӯҳри марзбонони Украина, Туркия ва Гурҷистон дар шиносномаи коргардони тоҷик будааст...

Якҷо бо гурӯҳи ҳунармандони қирғиз Абдураззоқов то Москва парвоз карда, бояд аз он ҷо ба Санкт-Петербург мерафт. Қарор буд дар ин шаҳр вай намоишномаи “Достони манқурт”-ро дар ҷашнвораи байналмилалии театрии кишварҳои ИДМ ва Балтика “Дидорҳо дар Русия” ба маърази тамошобинон гузорад.

Коргардони маъруф гуфт, ки ҳунармандони Театри давлатии миллии русии ба номи Айтматов дар ҷашнвора беҳтарин дониста шуданд ва соҳиби ҷоизаи ба номи ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Кирилл Лавров шуданд.

Намоишномаи “Достони манқурт” аз рӯи романи Чингиз Айтматов “Як рӯзи дарозтар аз аср” таҳия шудааст. Барзу Абдураззоқов коргардон, муаллифи матни намоишнома ва таҳиякунандаи мусиқии саҳнавии “Достони манқурт” мебошад.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ки ӯро дар фурудгоҳи “Домодедово” қариб як соат манъ карда, сипас бо хатсайри Москва-Кӯлоб ба ватан бозгардониданд. “Дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора ман аллакай дар Душанбе будам ва дастаи ҳунарии ман дар ҷшнвора бидуни ман ҳузур дошт”, - гуфт вай.

Зимнан, аз соли 2013 Абдураззоқов дар Қирғизистон кор мекунад ва ду сол пайиҳам беҳтарин коргардони ин кишвар дониста шудааст.

XS
SM
MD
LG