Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон сарвазири навро интихоб кард


Вакилони порлумони Қирғизистон барнома, сохтор ва ҳайати ҳукумати нави ин кишварро баррасӣ карданд.

Номзадии Сороонбой Жээнбековро ба вазифаи сарвазирӣ Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон пешбарӣ кард. Жээнбеков зимни муаррифии барномааш гуфт, ният дорад, татбиқи лоиҳаҳои миллии сармоягузориро, ки дар Стратегияи рушди давлат ворид шудаанд, идома диҳад.

Сохтори ҳукумат бетағйир монд. Аммо ҳайати ҳукумат тағйир ёфт. Зимнан, Асилбек Жээнбеков, бародари сарвазири нав, аз мақоми раисии порлумон истеъфо дод. Вай гуфт, бояд талаботи қонун, ки иҷозат намедиҳад бародарон вазифаҳои олии давлатиро ҳамзамон ишғол кунанд, риоя шавад.

Дар порлумон аллакай исми раисони эҳтимолӣ сари забонҳост. Бештар аз ҳама номи се вакил: Канат Исоев - роҳбари фраксияи "Қирғизистон", Бакит Торобоев - вакил аз ҳизби "Онугуу-Прогресс" ва Чинибой Турсунбеков - вакил аз ҳизби сотсиал-демократӣ садо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG