Ссылки доступа

Дар Украина ҳукумати нав эълон мешавад


Имрӯз дар Киев Владимир Гройсман ба унвони нахуствазири нави Украина ва исми аъзои нави ин ҳукумат эълон мешаванд.

Гройсман ва ҳукуматаш кобинаи нахуствазир Арсений Ясенюкро иваз мекунад, ки 10-уми апрел дар пайи ҷанҷоли фасодкорӣ ва мушкилоти марбут ба амалиёти низомӣ дар шарқи Украина ба истеъфо рафт. Зимнан, амалиёти низомӣ дар шарқи Украина бо ҷудоихоҳоне анҷом меёбад, ки аз сӯи Русия ҳимоят мешаванд.

Ҳизби ғарбгарои “Ҷабҳаи мардумӣ”-и Ясенюк аз 10-уми апрел бо ҳизби раиси ҷумҳур Петр Порошенко бар сари тавофуқ дар бораи сохтор ва ҳайати кобинаи нави вазирон гуфтушуниди душвореро анҷом дод.

Чанд узви порлумони Украина низ тасдиқ карданд, ки созиши чандҷониба баъд аз чанд рӯзи музокирот ҳосил шуд. Онҳо гуфтанд, ки тавофуқи ҳосилшуда исми раҳбарони ҳамаи вазоратҳои Украина ба ғайр аз вазорати тандурустиро дар бар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG