Ссылки доступа

ИМА вазъи ҳуқуқи инсонро дар Қазоқистон танқид кард


Дар гузориши нави Департаменти давлатии ИМА маҳдудсозии озодии баён, маҷлисҳо, динҳо, иттиҳодияҳо ва мустақилияти кофӣ надоштани низоми судӣ мушкилоти аслии арсаи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон дониста шудааст.

Дар гузориши ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2015 аз “маҳдуд будани имконияти аҳолӣ барои иваз кардания ҳокимият аз роҳи интихоботи озоду шаффоф” интиқод шудааст.

Дар ҳисоботи солонаи Департаменти давлатӣ гуфта шудааст, ки “кодекси ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки аз 1-уми январ ҷорӣ шуд ва қонуни иттиҳодияҳои тиҷоратӣ маҳдудиятҳоеро” ба озодиҳои шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаанд. Дар гузориш аз “қатлҳо, азияти наваскарон, ки боиси ҳалокати онҳо мешаванд, шиканҷа ва хушунат дар нисбати маҳкумшудаҳо, шароити вазнин ва баъзан барои ҳаёт хатарноки нигаҳдорӣ дар зиндон” ёдоварӣ шудааст.

Муаллифон зикр кардаанд, ки “ҳукумат мақомдорони қонуншиканро дунболгирӣ мекунад. Ба хусус, агар ин кор ба парвандаҳои марбут ба фасодкорӣ бо ширкати мақомҳои баландпоя марбут бошад. Аммо изофа шудааст, ки “фасод ҳамчунон ба таври васеъ доман паҳн кардааст. Мансабдорони наздик ба ҳукумату сохторҳи қудратӣ беҷазо мемонанд”.

XS
SM
MD
LG