Ссылки доступа

Эътироз дар назди сафорати Русия дар Ереван (видео)


Дар Ереван, пойтахти Арманистон садҳо эътирозгар ба кӯча баромада, фурӯши аслиҳаи русӣ ба Озарбойҷонро маҳкум карданд. Ширкатдорони раҳпаймоӣ мегӯянд, фурӯши аслиҳа боиси амалиёти ҷангии 2 апрел дар Қарабоғи Куҳӣ шуд.

Эътирозгарон, ки аксарият ҷавонон буданд, назди сафорати Русия омада, бо нидоҳои "Шармандагӣ!" ва "Арманистони озод, мустақил" шиор доданд. Бархеи онҳо сӯи сафорат тухми мурғ ҳаво доданд, ки дар натиҷа ОМОН ба ҷараёни эътироз дахолат кард.

​Тавре хабар дода мешавад, Русия дар асоси шартномаҳои солҳои 2009-2011 дар ҳаҷми 4 миллиард доллар ба Озарбойҷон тонк, чархболҳои ҷангӣ, тӯпхона ва силоҳҳои дигар фурухтааст.

Ҳукумати Арманистон баъди сар задани даргирӣ дар "хатти тамос"-и марзи Арманистону Озарбойҷон дар Қарабоғи Куҳӣ ин додугирифтро ба таври оммавӣ маҳкум кард.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз фурӯши аслиҳа ба Озарбойҷон ҳимоя карда, зимни сафараш ба Ереван дар ҳафтаи гузашта гуфт, онҳо ба тақвияти "баробарии низомӣ" дар минтақаи ҷангӣ мусоидат мекунанд. Вай афзуд, агар Москва ба Арманистону Озарбойҷон аслиҳа нафурӯшад, ҳар ду ҷониби даргир аз кишварҳои дигар аслиҳа хоҳанд харид.

В Ереване протесты против поставок оружия из России в Азербайджан
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:03 0:00

XS
SM
MD
LG