Ссылки доступа

Украина ҳукми боздошти роҳбари Қримро содир кард


Додгоҳи Печерскии шаҳри Киев ҳукми боздошти роҳбари Қрими ғасбшуда Сергей Аксеновро содир кард. Аксенов дар интиқоли амволи истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Артек" ба Русия гумонбар дониста мешавад.

Додгоҳ мегӯяд, амволи маркази байналхалқии кӯдаконаи "Артек" ба ҳабс гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии зарари интиқоли марказ ба Русияро Украин 242 миллион гривен баҳо медиҳад.

Баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 бо қарори ҳукумати Русия корҳои бозсозии истироҳатгоҳи "Артек" шуруъ шуд. Дар ин истироҳатгоҳ 16 июни соли 2016 маркази байналхалқии кӯдакона таъсис ёфт, ки муассисаш вазорати маориф ва илми Русия аст.

Моҳи марти соли 2015 ҳукумати Русия барномаи рушди "Артек"-ро то соли 2020 тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG