Ссылки доступа

Путин бори 14-ум бо мардумаш "тамоси мустақим" мегирад


Президенти Русия имрӯз дар "Тамоси мустақим бо Владимир Путин" ба саволҳои сокинон посух мегӯяд. Аз соли 2001 ин 14-мин тамоси мустақим хоҳад буд.

Аз як ҳафта пеш барои ин чорабинӣ саволҳоро ҷамъоварӣ мекарданд ва як шабонарӯз қабл аз оғози ин барнома миқдори муроҷиатҳо аз як миллион бештар шуд. Дар соли ҷорӣ аввалин бор имкони фиристодани савол аз тариқи гурӯҳи махсус дар шабакаи иҷтимоии "В Контакте" пайдо шуд. Ба иттилои Кремл, дар ин гурӯҳ қариб 100 ҳазор нафар номнавис шудаанд.

Сухангӯи президент Дмитрий Песков ахиран хабар дод, ки дар миёни мавзӯъҳои доғ - болоравии нархҳо, имтиёзҳо ва афзоиши нафақапулӣ, сифати таҳсил, мубориза бо фасод, корҳои идорӣ ва хешутаборӣ дар миёни мақомот, ҳимояи соҳибкории хурд, ҳалли низоъ дар шарқи Украина, муносибати Русия бо ИМА, НАТО ва дар маҷмӯъ бо Ғарб ҳастанд.

Дар толори пахши барнома раҳбарони вилоятҳо, вазирон ва мақомоти дигар менишинанд, то фавран ба мушкилоти сокинони Русия расидагӣ кунанд.

Соли 2013 "Тамоси мустақим" бесобиқа дониста шуда буд ва он вақт Путин 4 соату 48 дақиқа ба саволҳо посух гуфт. Соли гузашта муколамаи вай бо сокинони Русия қариб чаҳор соат идома дошт.

XS
SM
MD
LG