Ссылки доступа

Обама: гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ҳимоя гузашт


Амалиёти эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА ба зидди гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Сурия ва Ироқ ба ин натиҷа овард, ки ҷангиёни ин гурӯҳ ба ҳимоя гузаштанд.

Ин изҳороти президенти ИМА Барак Обама дирӯз баъд аз дидор бо мушовири амнияти миллӣ дар ситоди Идораи марказии кашф садо дод.

Барак Обама гуфт, ки дар пайи амалиёти эътилоф қаламрави таҳти назорати ДИ дар Сурия ва Ироқ кам мешавад. "ДИ дар мавқеи ҳимоя қарор дораду мо ҳамла мекунем, - гуфт Обама. - Мо зиёд талош мекунем ва чунин ҳамлаҳоро идома медиҳем". Вай афзуд, ки ИМА зарбаҳо ба раҳбарони ДИ-ро идома медиҳад.

Обама раҳбарони кушташудаи ДИ ва минтақаҳои озодшударо ном бурда, ва конҳои нафтеро зикр намуд, ки манбаи асосии сармоягузории ин гурӯҳ буданд ва аз бомбаборонҳои Амрико тахриб шуданд.

Ҳамзамон Барак Обама эътироф кард, ки гурӯҳи ДИ ҳамчунон ба таҳия ва анҷоми "ваҳшониятҳо" зидди сокинони бегуноҳи пойтахтҳои ғарбӣ қодир аст. "Онҳо мехоҳанд, ба ин васила "иродаи дастҷамъонаи" моро суст кунанд," -- гуфт Обама.

Баъд аз амалҳои террористӣ дар Брюссел ин нахустин нишасти дастаи амнияти миллии Амрико буд,то дурнамои мубориза бо ДИ-ро муайян кунад.

"Пештар ҳам борҳо гуфта будам, ки танҳо роҳи маҳви ДИ ин хотимаи ҷанги шаҳрвандии Сурия аст. Ин ҷангро ДИ барои манфиатҳои худ истифода кард", - гуфт Барак Обама.

XS
SM
MD
LG