Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба вазъи равонии низомиён расидагӣ мекунанд


Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод шуд, ки ҳар ним сол вазъи равонии афсарон ва сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар санҷида шавад. Ин пешниҳодро вакил Тазабек Икромов ба миён гузошт.

Ба гуфтаи вай, чунин иқдом бо дарназардошти вазъияти ба амал омада дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар зарур мебошад. "Сарбозон зуд-зуд худкушӣ мекунанд. Чунин ҳолатҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки онҳоро ба худкушӣ водор мекунанд. Ба ин сабаб бояд вазъи равонии афсарон ва сарбозон санҷида шавад, ҳоло касе коре надорад, ки онҳо дар чӣ вазъанд", - гуфт вакил.

Пештар вакил Руслан Казакбаев гуфта буд, ки дар чаҳор соли охир 62 низомӣ кушта шуда, 70% онҳо худкушӣ кардаанд.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2014 14 низомӣ ва соли гузашта 16 низомии Қирғизистон худкушӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG