Ссылки доступа

Назарбоеву Эрдуғон ҷаҳони исломро ба "сулҳ" даъват карданд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия дар поёни мулоқоташон дар Истамбул бо қабули эъломияи муштарак мусалмонҳоро ба сулҳ даъват карданд.

Назарбоев ва Эрдуғон аз "афзоиши мухолифатҳо" миёни кишварҳои мусалмон ҳамчун таҳдид "ба ягонагии уммати исломӣ" изҳори нигаронӣ карданд. Ин ду президент ҳамчунин аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) даъват карданд, ки аз ваҳдати исломӣ пуштибонӣ кунанд ва "ин ваҳдатро ба ҳайси платформаи нави сиёсӣ дар солҳои наздик барои уммати исломӣ кор баранд".

Дар ин эъломия, ки дастгоҳи президенти Қазоқистон нашр кард, омадааст, ки ҷаҳони ислом дар "марҳилаи фоҷиавӣ" ба сар мебарад. Дар ин марҳила чандин низоъ, сардии муносибатҳои байнидавлатӣ ва коҳиши ҳамкориҳои байни давлатҳо ба мушоҳида мерасад.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин дирӯз бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Айёз Маданӣ мулоқот кард. Ҷонибҳо имкони иштироки кишварҳои узви СҲИ дар решакан кардани исломҳаросӣ ва мубориза бо падидаи терроризмро баррасӣ карданд. Назарбоев рӯзҳои 13-14 апрел дар Туркия буд. Тавре интизор меравад, вай имрӯз барои мулоқот бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба ин кишвар меояд.

XS
SM
MD
LG