Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ: амали ҳавопаймои русӣ дар фарози Балтика иғвогарӣ аст


Дар робита ба ҳодисаи ҳавоӣ дар фарози баҳри Балтика сафири Русия дар Варшава ба вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон даъват шуд. Зеро амалҳои хатарноки ҳавопаймоҳои русӣ раванди тамриноти муштараки лаҳистониву амрикоиро вайрон карданд.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз наздикшавии хатарноки ҳавопаймоҳои низомии Русия дар фарози баҳри Балтика бо киштии низомии амрикоии “Доналд Кук” интиқод карда, онро иғвои “хатарнок” ва “сабукфикрона” номид.

Ҷон Керрӣ гуфт, ки киштии низомии ИМА, ки дар обҳои байналмилалӣ қарор дошт, тибқи қоидаҳои анҷоми амалиёти низомӣ метавонист бомбаандози русии Су-24-ро маҳв кунад. Ба гуфтаи вай, сӯҳбатҳо бо мақомоти расмӣ дар Москва умедвор месозад, ки чунин наздикшавии хатарнок минбаъд такрор намешавад.

Пештар вазорати мудофиаи Русия амалҳои сарнишинҳои низомии русро сафед карда, баён дошт, ки онҳо меъёрҳои амниятиро риоя кардаанд. Мақомоти низомии амрикоӣ гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои низомии русӣ бо аслиҳа муҷаҳҳаз набуданд, аммо ончунон аз назди киштии низомии “Доналд Кук” наздик парвоз карданд, ки “рӯи об из гузоштанд”.

Коҳиши хатари садамаҳои низомӣ дар меҳвари мулоқоти Русия-НАТО қарор хоҳад дошт. Ин мулоқот бояд 20-уми апрел дар Брюссел баргузор шавад. Ин нахустин мулоқоти Шӯрои Русия-НАТО аз моҳи июни соли 2014 хоҳад шуд. Он замон баъд аз ғасби ғайриқонунии нимҷазираи Қрим ва ҳимояти ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украина НАТО ҳама гуна ҳамкории амалӣ бо Москваро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG