Ссылки доступа

Қирғизистонро ба радди қонуни “агентҳои хориҷӣ” даъват карданд


Созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи байналмилалӣ аз порлумони Қирғизистон хостанд, ки тарҳи нави қонун “дар бораи агентҳои хориҷӣ”-ро рад кунад. Чунин муроҷиатномаро унвонии мақомот ва порлумони Қирғизистон Анҷумани байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ва Созмони байналмилалии зидди шиканҷа ирсол доштанд.

Онҳо зикр кардаанд, ки дар тарҳи нави қонун муқаррароте вуҷуд доранд, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) дар Қирғизистонро маҳдуд мекунанд.

“Пешниҳодҳои нави ин тарҳи қонун ба СҒД симои номақбули манбаи хатари амнияти миллиро медиҳад. Чунин амал дар миёни ҷомеа нисбати бахши ғайридавлатӣ фазои нобоварӣ ва душманӣ эҷод мекунад. Қирғизистон ба унвони узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ бояд пойбандии худ ба ҳимояи ҳуқуқи инсонро нишон дода, шароити созгореро барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод кунад”, - зикр кард Карим Лоҳиҷӣ, раиси Анҷумани байналмилалии ҳуқуқи инсон.

Раҳбарияти Созмони байналмилалии зидди шиканҷа низ мавқеи ба ин монанд дорад. Дабири кулли ин созмон Ҷералд Стейброк аз номи ду иттиҳодияи созмони ҳуқуқи инсон аз порлумон даъват кард, ки таҳрири нави ин қонунро қабул накунад ва маҳдудиятҳои феълии фаъолиятҳои СҒД-ро бекор намояд.

Тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ дар моҳи майи соли 2014 ба порлумон ирсол шудааст. Тибқи ин тарҳи қонун, созмоне агенти хориҷӣ дониста мешавад, ки фаъолияташ ба таъсиррасонӣ ба қарорҳои ниҳодҳо ҳукуматӣ ба хотири тағйири сиёсати онҳо равона шудааст.

XS
SM
MD
LG