Ссылки доступа

Баҳси "намози ҷумъа” дар Қирғизистон


Ба порлумони Қирғизистон тарҳи қонуне ворид шудааст, ки тамдиди танаффуси нимарӯзӣ дар рӯзи намози ҷумъаро аз соати 12:30 то 14:30 пешбинӣ мекунад. Мухолифони ин иқдом ба порлумон ёдоварӣ мекунанд, ки Қирғизистон кишвари дунявӣ мебошад.

Бештаре аз вакилони порлумони Қирғизистон мегӯянд, ки ин тарҳи қонун ба хотири ҳимояи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ таҳия шудааст. Мухолифони ин тарҳ зикр мекунанд, ки кишвари дунявӣ на бар пояи муқаррароти динӣ, балкӣ бар асоси қоидани шаҳрвандӣ танзим мешавад.

Идораи мусалмонон ё муфтиёти Қирғизистон аз ин тарҳи қонун ҳимоят мекунад. Муовини муфтии кишвар Акимжон Эргешов гуфт, ки диндорон бояд қоидаҳои мазҳабиро риоя кунанд. Ҳарчанд водор мешаванд, ки дар ин кор қонунҳоро вайрон кунанду аз раҳбарҳояшон барои таъхир сарзаниш шунаванд ва дар ниҳяот ҷойи кор ва маблағро аз даст диҳанд. "Бо қабули ин тарҳи қонун қоидаҳо ба ҳам мутобиқ мешаванд."

Дар ҳамин ҳол дар ҷомеа баҳсҳое дар мавриди намози ҷумъа сар задаанд. Бисёриҳо бар инанд, ки дар корхонаҳои давлатӣ утоқҳои намозхонӣ вуҷуд доранд, ки барои адои намоз кофӣ аст ва ё бигзор дар утоқҳои корӣ намозашонро бихонанд. Бахусус, ки баъд аз нимарузӣ вакилони порлумон ва мақомотро дар ҷойи корӣ пайдо кардан ғайриимкон аст. "Ба муассисае барои санаде меравӣ, аммо мутахассиҳо ва раҳбаронашон дар ҷойи корӣ нестанд," -- мегӯянд мухолифони тарҳ.

XS
SM
MD
LG